Tоҷикӣ - Information on Nexus Expedition in the Tajik Language
Маро Бернард (Дмитрий) Киффер меноманд.



Ман шахрванди Фаронса мебошам ва дар холи хозир аз нисф бештари саёхати гирди чахонамро анчом додам. Ин сафарамро бо истифода аз куввати мушакхои баданам огоз намуда будам. Мохи феврали соли 2005 масири харакатам аз минтакаи Анкорича ва Аляскаи ШМА шуруъ гардида буд.Аллакай масофаи 15000 км-ро пушти сар намудам: аз ин микдор тайи 6 зимистон 5000 км-ро пиёда рафтам ва дар муддати 3 тобистон фосилаи 10000 км-ро дучархасавор гузаштам.



Аз замони шуруъи ин барнома тамоми Аляскаро убур намуда, сипас ба шино икдом кардам. Бо кумаки лижа аз гулугохи Беринг гузашта, апрели соли 2006 ба каламрави Русия ворид шудам.Баъдан, пиёда ва гохе савори лижа ба самти чанубу гарб харакат намуда, худро ба шахри Омуксчана , вокеъ дар вилояти Магадани Русия расонидам. Дар ин чо хонумам, Гулнора Киффер, ки шахрвандии Русияро дорад, ба ман хамрох гардид. Дунафари, савори дучарха аз каламрави Мугулистон, Чин ва Казокистон убур кардем. Мохи декабри соли 2013 ману хонумам ба шахри Бишкек , маркази кишвари Киргизистон расидем.

Дар Киргизистон айёми сарморо гузаронида ( моххои январ- марти соли 2014) максад дорем, ки шуруъ аз 20 апрел дучархасавор ба суи чануб харакатамонро давом дихем. Максадамон ин аст, ки то 19 майи соли 2014 аз тарики гарданаи ( агба) Бор-Добо- Кизил Арт сархади Киргизистону Точикистонро убур созем.

Дар Точикистон мехохем ба воситаи дучарха, аз тарики гарданаи кухистонии Кизил Арт ва нуктахои ахолинишини Карокул, Музкул, Работак Байтал, Чечетки, Мургоб, Каросу, Сасик – кул, Харгуш, Лавангар, Вранг, Ишкошим, Хоруг, Рушон, Декх, Баравин-тар, Калъаи Хум, Хост, Комсомолобод, Обигарм, Тахтахамит, Файзобод, Вахдат, Душанбе, Хисор, Турсунзода гузашта ва дар нихоят, аз рохи Дехнав ба каламрави Узбекистон ворид гардем.

No 1 - Накшаи сахтсайр
No 2 - Накшаи сахтсайр



Мо ду хатсайри эхтиёти низ дорем, ки дар холати пеш омадани зарурат, масалан , махдуд шудани муддати саёхатамон ва ё тагир ёфтани обу хаво, аз онхо истифода намоем.

Ин хатсайрхо иборат мебошанд:

А. Харакат ба самти гарб, бо хатсайри М41,аз Сасик-кул ба суи Хоруг, аз тарики мавзеъхои Тагаркаки, Челанди, Шазуд ва Вин.

В. Харакат ба самти шимол, ба суи Душанбе, аз тарики мавзеъхои наздимарзии Узбекистону Точикистон, Бустон- Дехконобод, бо масири Варзоб, Калон,Анзоб Работ, Айни, Шахристон, Истаравшан, Нов, Пролетарск, Хучанд, Такели ва Бустон.

Latest Update
Nexus Expedition in the Arab Republic of Egypt (العَرَبِيَّة‎‎/English version)
Friday March 17, 2017 - Tala bay, Aqaba, Jordan


السابع عشر من نيسان 2017
إلى من يهمه الأمر في سلطات جمهورية مصر العربية:
إسمي ديميتري برنارد كيفير
أنا مواطن فرنسي و أنا الآن في رحلة إستكشافية حول العالم بالإعتماد على القوة العضلية للإنسان
بدأت رحلتي من أنكوريج-الاسكا في أمريكا عام 2005 وهذه الرحلة تتقدم بشكل متقطع ...
Translated Introductions
Click a flag below for general information about Nexus Expeditions in Chinese, Mongolian, Kazak, Kyrgyz, Tajik, Uzbek, Turkmen, Persian and Arabic!
Translate this page!
Human Translations:


Additional approximate translations provided by an automated system:


Where Are We Now?
Mailing List Sign-Up
Subscribe through the form below to receive monthly updates, stories and photography as we continue our journey.